ХАТАРИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ имрӯз, масъули Кумита Лоик Мирзоалиев бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ҷамоати шаҳраки Москва дар мавзуи "Хатари гуруҳҳои ифротгароии динӣ " соати сиёсӣ баргузор намуданд.Зимни мулоқоти баргузоргардида масъулин суханро бо таблиғоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оғоз намуда, дар бораи беназоратии волидон дар таълиму тарбияи фарзандон, ки имрузҳо ҷавонони гумроҳгашта ба доми гуруҳҳои ҷиноятпешаву ифротӣ афтида дар мамлакатҳои исломӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳамчун зархарид дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок мекунанд маънидод карда шуд. Ҳамзамон ба аҳли нишаст суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳо, ки ҷавонон ояндаи миллатанд, мо бояд бо фарзандони худ фахр намоем на балки доғ гирем, баён гардида, ҷавононро ба суи бунёдкориву ободонӣ, ҳимояи марзи буми кишвари азизамон сафарбар намудан ва баҳри равнақ ёфтани Ватани азизамон ҳидоятҳо карда шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот