ДАҒАЛГУФТОРӢ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТИРО ОМИЛ ЧИСТ?

Ҳамадонӣ: Андеша  

Қариб ҳамарӯза дар пойтахт мо шоҳиди он мегардем, ки дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ баҳсу муноқишаҳо миёни ронандагону мусофирон сурат мегирад. Дар ҳоле ки аксаран аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ин нафарон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, вале то ҳол чунин амалҳо аз ҷониби сокинон ба назар мерасад.Чунин амалҳо бештар аз ҷониби ронандагону пулчинакони нақлиёти ҷамъиятӣ нисбат ба занону бонувон ба назар мерасад, ки дар рафтори онҳо дағалӣ ва беэҳтиромӣ дида мешавад.Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, тайи як ҳафтаи ахир ду ҳолати беэҳтиромӣ нисбати занон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ошкор гардидааст. Яке аз чунин ҳолатҳо, ки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро нигарон кард, ин наворе буд, ки дар он марди миёнсол ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ нисбати ронандазан гапҳои қабеҳ ва дашномҳои бемавридро раво мебинад.Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар сомонаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он бо алфози қабеҳ дашном додани ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер" мушоҳида мешавад.

- Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер", рақами қайди давлатиаш 7711ТТ05 шаҳрванд Тошпӯлотов Комилҷон Хайруллоевич, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ, ки дар хатсайри №35 ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст, дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, - омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ҳамчунин, ин ниҳод зимни санҷиш муайян кардааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 17-уми апрел, тақрибан соати 22:15 дақиқа дар кӯчаи С. Айнӣ, назди Маркази савдои "Садбарг" рух додааст. Номбурда зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар истгоҳ дурудароз таваққуф намуда, ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятии троллейбуси хатсайри №10 монеа эҷод намудааст. Ҳамзамон, ба эроди ронандаи троллейбус беэътиноӣ намуда, бо алфози қабеҳ ӯро дашном дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда Тошпӯлотов Комилҷон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.Ҳамзамон, аз ҷониби ширкати ҶДММ “Беҳрӯз-15” шартномаи ҳамкорӣ бо ронанда Тошпӯлотов Комилҷон барои вайрон намудани талаботи мусофиркашонӣ қатъ карда шуд, - омадааст дар хабар.

Ҳолати дигар низ шикоят аз ронанда ва пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ аст, ки зани пиёдагард аз онҳо шикоят намудааст. Ба гуфтаи ин зан ронанда ва пулчинак зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар хиёбони Б. Ғафурови ноҳияи Сино қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба пиёдагардон роҳ надодаанд. Инчунин, ба эроди шаҳрвандон беэътиноӣ намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ ҷавонзани муроҷиаткунандаро дашном дода, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задаанд.

Воқеан, чунин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ буда, чи гунае ки мо мушоҳида мекунем, чунин амалҳо дар маркази шаҳр, яъне шаҳри Душанбе зиёд ба назар мерасанд.

Коршиносон омилҳои то ҳанӯз зуҳур кардани чунин амалҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар паст будани маърифати ҳуқуқии бархе аз шаҳрвандон медонанд.

- Таънаву таҳқир кардан, обрӯ ва эътибори касро паст задан, дашном додану ҳақорат кардан, бо овози баланд дағалона муносибат намудан, латукӯб кардан, маҳдуд намудани муошират бо наздикону пайвандон, монеъ шудан барои идомаи таҳсил ва ё кор рафторҳое мебошанд, ки зӯроварӣ дар оила ва ҷомеаро нишон медиҳанд, - иброз медорад ҷомеашинос Рамеш Марамов.Номбурда бар он аст, ки барои решакан намудани дағалгуфторӣ ва чунин рафторҳои ғайриахлоқӣ дар оила ва ҷамъият, тағйирот на танҳо дар қонунгузорӣ ва сиёсат, балки дар сатҳи мафкураву фаҳмишҳо ҳам зарур аст. Ба андешаи ин ҷомеашинос шаҳрвандон бояд аз чунин бадрафторӣ нисбат ба ҳамдигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.Ин ҷомеашинос мегӯяд, ки решаҳои чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон пеш аз ҳама аз муҳити оилавӣ сарчашма мегирад ва волидон бояд дар ин самт бетараф набошанд.“Муҳим аст, ки волидон бо ҳамдигар муносибати пур аз меҳру муҳаббат дошта бошанд ва бо рафторашон эҳтиром намудани шахсияти инсонро ба фарзандон талқин намоянд. Руҳониён, ки дар раванди ташаккули муносибат ва эътиқоди аҳли ҷомеа нақши муҳим доранд, бояд принсипи баробарии мардон ва занонро ба таври возеҳ дастгирӣ кунанд. Ба ҳама гуна таълимоте, ки ба муносибати таҳаммулпазирона ба ҷинси латиф даъват менамояд, хотима гузоштан лозим аст, зеро дар тамоми динҳо зан ҳамчун олиҳа тасвир ёфта, нақши муҳим дорад”, - иброз намуд ин ҳамсуҳбати мо.

Обидҷон Шарипов, сардори шуъбаи ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат гуфт, ки ба мақомоти онҳо аз ҷониби занон чунин шикоятҳо ворид нашудааст.

Ӯ гуфт: “Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Кумита бо наздикони муроҷиаткунанда суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Аммо то имрӯз аз ҷониби ягон зан ё модаре ба мо шикоят нашудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо ҳушунат ё зӯроварӣ шудааст”.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,“ҶТ”

http://javonon.tj/news/social/da-alguftor-dar-oy-oi-amiyatiro-omil-chist-/