МАҚОМИ ШАХСИЯТ ВА АРЗИШИ ОСОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА АЗ НИГОҲИ БУЗУРГОНИ АДАБ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Таваҷҷуҳ ба осори матбуъи устод Турсунзода ва баррасии он аз тарафи шахсиятҳои барҷастаи адаб ва фарҳанги ҷаҳони рӯзгори шоир мавзӯест бисёр пурдомана ва маводи фаровонеро дар бар мегирад. Зеро нуфузи осори устод Турсунзода ва фаъолияти адабиву фарҳангии ӯ дар даврони зиндагияш вусъати камназир дорад.

 Ҳоло гӯшае аз ин мавзуъро дар ҳудуди матнҳое, ки ба муносибати 60 солагии шоир дар маҷаллаи Садои Шарқ “ (№9 соли 1971) ба табъ расидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем. Албатта маълум аст, ки суханоне ки ба муносибати ҷашн ва солгард гуфтаву навишта мешаванд, умдатан иборат аз тавсиф мебошанд ва ҷанбаи мусбат доранд. Аммо, аз тарафи дигар, оҳанги самимӣ ва эътиқодмандонаи ин суханони шахсиятҳое, ки нисбат ба ҳарфҳои худ ҳамеша эҳсоси баланди масъулият доштаанд, ба мо ҳақ медиҳад, ки бе чуну чаро онҳоро бозгӯии айни воқеият бипазирем. Шоири номвари рус Николай Тихонов, ҳамдам ва ҳамқадами устод Турсунзода менависад: “Ҳам дар ҳудуди Иттифоқи Советӣ ва ҳам берун аз ҳудуди он ӯро ёд меоранду эҳтиром мекунанд, зеро ашъори ӯ мисли мурғи афсонавӣ аз рӯйи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, ба ҳаққоният, самимият ва пардози шоиронаи худ ақлу дили ҳазоронро тасхир кардааст. Мирзо Турсунзода пеш аз ҳама чун шоир машҳур аст, зиёда аз ин, ӯ ҳамчун муборизи сулҳ парчами амониро баланд бардошта, зиндагии амну амониро дарк мекунад”.

 Аз ин қайдҳои Николай Тихонов ба назари мо муҳимтар он аст, ки ӯ рӯйи шеърияти мумтози осори Мирзо Турсунзода ва қабл аз ҳама шоир будани ӯ ба таври махсус таъкид менамояд ва сарфи назар аз азамати корҳои иҷтимоӣ ва сиёсии байналмилалии шоир, ин хидматҳоро дар радифи дуюм қарор медиҳад.Дар ҳамин силсила суханони муфассале аз ҳамқалами тоҷики устод Турсунзода Мирсаид Миршакар оварда мешавад, ки хусусан як нуктаи он қобили таваҷҷуҳи хос мебошад, зеро ин нуктаи интиқодӣ нисбат ба назари ғайри воқеӣ ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода мебошад. Мирсаид Миршакар менависад: “Баъзеҳо гуфтанӣ мешаванд, ки гўё сабабгори ҷаҳиши калони эҷодии Мирзо Турсунзода сафари ў ба Ҳиндустон буд. Ин фикри хатост. Дар кори эҷодӣ «ғалабаҳои тасодуфӣ” чун гули бемавридшукуфта бебақоянд ва зуд пажмурда мегарданд. Мирзо чун шоир пешакӣ ба ин сафар тайёр буд”.Чингиз Айтматов менависад: “Орзумандем, ки солҳои зиёд ба бахти халқи худ кохи назмро обод доред”. Ӯ муътақид аст, ки меъмори аслии ин кохи назми муҳташам Мирзо Турсунзода аст.

Шоири Белорус Петрус Бровка мегӯяд: “Мирзо Турсунзода шоири ҳақиқатан замонавист. Чунин мартабаи сазовори шоирӣ ва минбари баланд ба Мирзо ба тавассути назми бузурги Шарқ ва истеъдоди модарзоди худи ӯ муяссар шуд.

Чанде пеш китоби ашъори ӯ «Кураи арз»-ро хондам ва гӯё ба ватани шоир сафар карда, Қаратоғро дидам. Қаторкӯҳи шукӯҳманди Ҳисорро пеши назар овардам, варзиши дарёҳои кӯҳиро шунидам, бо ҳамдиёрони ӯ, ки боғдорӣ мекунанду пахта мекоранд ва шаҳрҳо бунёд мекунанд, гуфтугӯ кардам.

Аз ин баёнот ба таври возеҳу бидуни такаллуф таъсири воқеӣ ва зиндаи ашъори шоир мушоҳида мешавад.Адиби машҳури Украин Олес Гончар аз ҷумла менависад: “Шоири ҳақиқиро хирад ва заковати халқи ӯ ғизо медиҳад. Ҳар қадаре, ки вай аз махзани афкори халқӣ, тахайюлоти эстетикӣ, анъанаҳои бостонии маданияти халқӣ бештар баҳра бардорад, ҳамон қадар фардият ва лаёқати ӯ, шахсияти эҷодии ӯ ба назари мо намоён мешавад. Барои мо .... Мирзо Турсунзода чунин як шахс аст. Ӯ яке аз шоирони боистеъдодтарини адабиёти гуногунмиллати советист”.Нависандаи халқии Ӯзбекистон Комил Яшин дар зимни суханони худ гуфтори “як нависандаи зангӣ” ро нақл мекунад, ки ба ин мазмун аст: “…Ашъори ӯ на фақат дар Осиё, балки дар Африқо ҳам ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд». Ё донишҷӯёни Дорулфунуни Деҳлӣ достони Мирзо Турсунзода «Садои Осиё»-ро «садои дили мо» мегӯянд”.Нависандаи машҳури қазоқ Анвар Олимҷонов Мирзо Турсунзодаро бо ифтихор устоди худ мешуморад ва мегӯяд: “Вақте ки ӯ дар бари ман аст, гӯё бузургтар мешавам ва бол мебарорам”.Шоири маъруфи рус, муаллифи суруди миллии Иттиҳоди Шуравӣ ва Русия Сергей Михалков Мирзо Турсунзодаро “шоири мутафаккир” унвон менамояд ва ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин истилоҳ (поэт мыслитель) дар он замон унвони истисноие дониста мешуд, ки онро танҳо дар мавриди бузургтарин шоирони классик (бо теъдоди бисёр маҳдуд) истифода мекарданд. Адиби балқар Қайсин Қулиев Мирзо Турсунзодаро “бузургтарин ва маъруфтарин шоири советӣ” ном мебарад. Албатта, агар ин таъбир дар он замон қабули умум намедошт, Қайсин Қулиев наметавонист онро ба забон биёрад. Дар идома меафзояд: “Мирзо Турсунзода рассомест, ки ҷаҳон, рангҳо ва зебоиҳои ҷаҳонро дӯст медорад, ҳамчун шоири ҳақиқӣ заминро ва назми ҷовидонаро мепарастад”.  Набӣ Хазрӣ шоири маъруфи озарӣ мегӯяд: “Дар адабиёти бародаронаи мо эҷодиёти Мирзо Турсунзода ... як қуллаи бузурги тобон аст. Мирзо Турсунзода падидаи аср, саҳифаи нави бузург ва пур аз хиради адабиёти советӣ мебошад. Ӯ шоири ҳақиқии навовари халқи тоҷик аст. Бузургии ӯ дар он аст, ки ба шаклҳои классикии шеъри Ховарзамин мазмун ва оҳанги тамоман нав бахшид. Барои ҳамин ҳам эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба он навоварони бардурӯғ, ба он ҳуққабозони назм, ки ба сабаби маҳдудияти маънавии худ навовариро танҳо дар шакл ва шаклбандии нодаркор мебинанд, ҷавоби шоиста ва бисёр хуб аст” . Ҳамин нуктаҳоро шоир, мунаққид ва мутарҷими шинохтаи рус Ярослов Смеляков бисёр дақиқу муфассал шарҳу баст медиҳад. Матни суханронии ӯ беш аз он ки хислати табрикотӣ дошта бошад, хислати тадқиқотӣ дорад ва ба ҷиддияти илмӣ муҳимтарин вижагиҳои осори Турсунзодаро таҳлил менамояд. Назариёти Ярослов Смеляков дар бораи назми Мирзо Турсунзода, бахусус дар мавриди истифода аз сабк шаклу қолаби назми классикӣ дар баёни мазмунҳои муосир аҳамияти илмию назарии бузургеро касб мекунад. Ӯ аз ҷумла менависад:

“Аз он ки Мирзо Турсунзода дар сабки классикӣ шеър мегӯяд, хеле хушам меояд. То ҳол ба ҳеҷ як навовари муосир эҷоди асаре, ки ҷиҳати возеҳӣ ва таъсирбахшӣ бо осори дар сабки назми классикии рус ва Шарқ суруда баробар бошад, муяссар нашудааст. Ин гуна касон беҳуда даъво мекунанд, ки қонунҳои оҳанини назми классикиро ба инобат гирифта кор ва эҷод кардан осон ва мусоид аст. Сабки классикӣ аз нависандаи муосир интизом, тафаккур ва ҳиссиёт талаб мекунад. Ҳамаи чизҳои майда, мешанӣ, сатҳӣ ва зӯран ба қолаби ин сабк дохил шуда ҳамчун чизҳои нодаркор зуд ба назар мерасанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки баъзе шоирони муосир беихтиёр аз шаклҳои классикии назм ибо мекунанд: Шаклҳои анъанавии назм барои афроди сустлаёқат низ хавфнок аст. Онҳо метавонанд, ки бо бузургии худ ӯро пахш кунанд, ба инкишофи хусусиятҳои эҷодии ӯ монеъ шаванд.Дар идомаи ин суханон Ярослов Смеляков ба чанд ҷанбаи муҳимми дигари эҷодиёти Мирзо Турсунзода, аз ҷумла таносуби маҳками руҳияи ҳамосӣ бо ғиноӣ, таносуби шахсияти воқеӣ ва ҳунарии Мирзо Турсунзода, истиқлоли андешаи адабии ӯ (дар мисоли достони “Ҳасани аробакаш” ва қиёси он бо “Страна Муравия” и А Твардовский, миллияти тоҷикии осори Мирзо Турсунзода бо назари амиқу дақиқ сухан меравад, ки ба ин хотир месазад ба таври истисноӣ ин навиштаи Я. Смеляков дар идомаи ин мақола ба хонандагони бевосита манзур гардад.Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки Ярослов Смеляков шоири то андозае табъидӣ дар замони шуравӣ буд ва ташрифоту такаллуфотро чандон хуш надошт. Аз вай ҳамеша сухани дақиқ ва интиқодиро интизор доштанд. Бародари А.Твардовский дар лагер ҳамроҳаш буд ва табъан бояд аз ҳаводорони Твардовский низ бошад, ё ҳадди ақал аз осори ӯ огоҳии хуб дошта бошад. Бо ин вуҷуд дар достони “Ҳасани аробакаш” баръакси баъзе шоеъот ҳеҷ навъ тақлид ба “Страна Муравия” и А. Твардовскийро намебинад.

Аз маҷмӯаи ин назарҳо ба мо чанд нуктаи асосӣ маълум мегардад:

1. Бузургтарин адибони ҳамзамони шуравии Мирзо Турсунзода қабл аз ҳама ӯро шоири бисёр тавоно ва дорои истеъдоди беназири шоирӣ медонистаанд. Ҳунари шоирии ӯро бартар аз фаъолиятҳои иҷтимоияш мешинохтаанд.

2. Устод Турсунзодаро шоири навовар, дар айни ҳол ҳифзкунандаи суннатҳо ва анъанаҳои хуби ҳунарӣ ва маънавии адабиёти бузурги тоҷик мешумурдаанд.

3. Устод Турсунзода дар ин маҳфилҳо бузургтарин шоири шуравӣ эътироф шудааст.

4. Мирзо Турсунзода шоири муваффақтарин дар мавзуъҳои байналмиллӣ ва дар айни ҳол шоири комилан халқӣ ва милли тоҷик дониста шудааст.

5. Мирзо Турсунзодаро бисёре аз адибони шуравӣ мураббӣ ва устоди худ шумурдаанд.

 Дар охир бояд ёдовар гардид, ки шоири тоҷик дар ҳоле ба ин иқболи камназир ва истиқболи густурда даст ёфтааст, ки тарҷумаи осори ӯ ба русӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили муқоиса бо асли тоҷикии ин асарҳо намебошад. Ин падида баръакси ҷараёни маълум ва ошкоршудае мебошад, ки замоне хеле аз шахсиятҳои адабиро дар адабиёти милали дигар маҳз ба воситаи тарҷума “месохтанд”, вале асли осори онҳо дар миёни ҳамзабонони худи он адибон ҳеч навъ нуфуз ва шуҳрату маҳбубият надошт. Дар як баррасии мухтасари тарҷумаи русии ашъори устод Мирзо Турсунзода бо матни асл (тоҷикӣ), маълум гардид, ки дар ин тарҷумаҳо на танҳо асарҳо хеле ихтисор шудаанд, балки бисёр манзараҳо, лаҳзаҳо ва образҳои барҷастаи пурмаъно ва шоирона аз матни тарҷума хориҷ боқӣ мондаанд. Гузашта аз ин мусиқӣ ва балоғати тоҷикии шеъри Турсунзодаро дар ҳеҷ навъ тарҷума наметавон бозгӯӣ кард. Бо вуҷуди ин ҳама қобили таҳсин ва ифтихор аст, ки дар фарҷоми садаи бист қуллаи баланду дурахшони шеъри тоҷик дар мисоли шахсияти воломақом ва осори олиҷаноби Мирзо Турсунзода, уфуқи назми ҷаҳоншумули тоҷикро мушаххас намуд.

Садои Шарқ