ЗИНДАГӢ ДУШМАНАТ НЕСТ ВАЛЕ ТАРЗИ ТАФАККУРИ ТУ МЕТАВОНАД ДУШМАНАТ БОШАД

Ҳамадонӣ: Андеша  

Пурсидӣ эй азиз, ки сарвату хушбахтӣ ё баракс бадбахтиву нокомӣ ба инсон аз куҷо меоянд?

Бидон эй азиз, ки инҳо ҳама маҳсули андеша ва эҳсосоти худи инсон ҳастанд, яъне аз андешаву эҳсосоти худи мо сарчашма мегиранд.Агар эҳсоси шодӣ кунӣ шод мешавӣ, агар эҳсоси ғамгинӣ намоӣ ғамгин мешавӣ. Агар эҳсоси сарватмандӣ намоӣ ҳатман сарватманд хоҳӣ шуд. Чунки сарватмандӣ ё нодорӣ маҳсули ақлу андешаи худи инсон мебошанд. Саломатӣ, пайвандону азизон, обу ҳавое, ки ту нафас мекашӣ, нури офтобе, ки ту гарм мешавӣ ҳамаи инҳо сарвати бебаҳо ҳастанд. Чун ба қадри ин сарватҳо мерасӣ ва шукргузориву қадрдонӣ мекунӣ дар тафаккури ту эҳсоси сарватмандӣ ҳосил мешавад ва ту ҳатман сарватманд мешавӣ. Пулу мол танҳо сарват нестанд. Ҳастанд инсонҳое, ки пулу моли зиёд доранд, вале аз сарвати саломатӣ ё зану фарзанд, ки сарвати бебаҳоанд маҳруманд.Пас Худованд он чиро ба мо медиҳад, ки мо онро андеша ва эҳсос мекунем.Эҳсоси хастагӣ намоӣ ҳатман хаста мешавӣ, эҳсоси беморӣ намоӣ ҳатман бемор мешавӣ. 

Эй азиз, ин суханҳои маро, ки хеле мухтасар гуфтам ҳаргиз фаромӯш накун ва ба он амал намо хушбахттарин фарди ҷомеъа хоҳӣ шуд.