ПАШТУН НЕСТАНД, ПАС КИСТАНД?

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ба хотир дошта бошед, ки сиёсатмадорҳои чӣ паштун, чӣ тоҷик, ӯзбек, ҳазораву ҳама, миллатро гӯсфандсозӣ карда ва боз ҳам доранд мекунанд. Ва онҳо ҳам аз худ ироданадоранд, салоҳият ва ихтиёри инҳо дар Инглис, дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии мутаваффо, дар Иёлот Муттаҳидаи Амрико, Покистон ва Эрон рақам зада шудааст.Кишварҳои мутазаккира тибқи манофеъи худ дар тӯли таърихи Афғонистон шуруъ аз Мирвайсхон ва қабл аз эҷоди Афғонистон ин корро кардаанд ва ҳамеша сарнавишти ин кишвар ба дасти бегона рақам хӯрдааст.

 

То имрӯз, ки Толибон ба унвони намояндаи қавм паштун рақам хӯрдаанд, дар асл паштуни бечора хабар ҳам нест ва толиб ҳам намояндаи воқеии паштун нест, аммо аз минбари иқтидор ба забони пашту сӯҳбат мекунад, дар сурате, ки террористе беш нестанд.

 

Пас паштун ҳам намедонад, ки ин лаккаҳои нанги таърихро чӣ касе намояндаи паштун сохтааст, ки бо илм мухолиф, бо мактаб мухолиф, бо инсоният мухолиф, бо тамаддун мухолиф, душмани таърих ва тамуддун (намунааш инфиҷори бути Бомиён), бо ҳама арзишҳо мухолиф, бо ҳазора мухолиф, бо тоҷику узбек мухолиф, бо забони ғайрипашту мухолиф... Дар сурате, ки миёни ақвоми Афғонистон ҳеҷ мухолифати забонӣ, самтӣ ва қавмӣ вуҷуд надорад.

 

Аммо сиёсатмадорони паштун - бозичаи дасти кишварҳои хориҷӣ ва ин дастаи террористии истихборотӣ ин гуна нифоқро дар миён андохтаанд ва мегӯянд, ки қавми паштун бартар ва аксарият аст. Ин нифоқро паштунҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо нагуфта ва қабул ҳам надоранд, вале сиёсатмадорҳои паштун дар тӯли таърихи ҳокимият думболи ин кор буданд, ки “тафриқа биандозу ҳукумат кун”.

 

Таърихро агар хонда бошед, чандин бор ватан фурӯхта шуда, вале ҳокимаш паштун буда.

 

Дур намеравем аз Шоҳ Шуҷоъ шурӯъ мекунем то Мулло Ҳайбатхон.

 

Агар инҳо раҳмати Худо ва ноҷии миллат буданд ва фикр мекунед, ки монеи таҷзия будаанд, иштибоҳ мекунед. Оғозгари таҷзияи Афғонистон ва муоҳидакунандаи фурӯши хоки Афғонистон барои Англис, Рус, Амрико ва Покистон инҳо буданд.

 

Манзурам ақвом нест, сиёсатимадорони хоин аст, ки шумо онҳоро паштун ва посдорони ҷуғрофияи Афғонистон медонед. Намуна: Дюрандро кӣ имзо кард ва он замон ҳоким кӣ буд? Шояд бигӯӣ, ки касе имзо накардааст.

 

Пас бигӯ, вақте, ки имзо накарда, дар ҳокимияти инҳо чаро ин хат барои кӯчак кардани Афғонистон кашида шуд ва сукут карданд? Оё узбек, ҳазора ва тоҷик ҳоким буданд? На, ҳаргиз. Калимаи “қабоил” худ сарунвони таҷзия аст.

 

Дар хутути Дюранд пули покистонии калдор то акнун ба ҷои пули мураввиҷ дар Афғонистон дар тӯли панҷоҳ сол аз эътибор бархӯрдор аст. Бифармоед, дар манотиқи ҳазора, тоҷик ва ӯзбек нишон бидиҳед, ки чунин шуда бошад.Акнун нон, либос, макон, ҷойи будубош, тамвил ва таҷҳизи паштунҳо алайҳи ақвоми дигаре аз Покистон аст. Пас чӣ бигӯям озодамардон, истиқлолталабон ва озодихоҳон ин раҳмати худост ё ғазаби илоҳӣ бар миллати Афғонистон барои тороҷи сармояҳои миллӣ? Оё сиёсатмадорҳои паштун шахсиятҳои миллии афғониро ба дастури Покистон, Инглис, Амрико ва Шӯравӣ вақти террору инфиҷор надоданд? Сиёсатмадорҳои паштунтабор ба хотири қудрат ба ишораи бегона бародар чашми бародарро кӯр накард, писар падарро террор накард, бародар бародари худро накушт?Дар тӯли таърих ҳамин сиёсиёни паштун алайҳи якдигар ба хотири ризоияти бегона лашкаркашӣ накарданд? Афғонистонро тута-тута, порча-порча накарданд? Мардумро аз таҳсил боз намонданд? Муҳассилин ва кадрҳои сиёсии илмии кишварро зиндабагӯр накарданд? Фоҷиаи хунини Саврро инқилоб нагуфтанд? Шаши ҷаддйро ба ёд доред?Доктар Наҷибро Масъуд накушт, вале шумо онро эъдом ва беиззат накардед? Таракӣ ва Амин аз куштаҳо ба дастури Шӯравӣ теппа аз аҷсоди муҳассилини коргару деҳқон дар полигони Пули Чархӣ ва Дашти Чимтала ва Кунар насохтанд? Шояд бигӯӣ, ки Кобулро кӣ вайрон кард? Бале, ба дифоъ аз Афғонистон миллате дар баробари ҷосусони Покистон истод, аз мардуми худ ва ватани худ дифоъ кард. Ҳазорон асири покистонӣ, генералҳо ва афсарони Покистон дар канори Гулбиддину Толибон дар майдони ҷанг ба дасти озодмардон афтоданд ва дар зиндони Панҷшер зиндонӣ буданд, филмҳояшон мавҷуд аст. Раббониро террор карданд, Масъудро террор карданд, Инҷинер Умари Кундузро террор карданд, доктар Наҷибро эъдом карданд, Хокрезвол ва генерал Розиқ, мухолифини Покистонро террор карданд. Зани афғонро фоҳиша ва мактабро фоҳишахона унвон карданд. Ба ҳувият, иззат ва таърихи пуршукӯҳи Афғонистон тавҳин карданд, ба ин гуна ба хотири хушии Покистон бозӣ карданд. Куҷояш ифтихор ва раҳмати худо аст?Акнун Афғонистонро Карзаю Ашраф Ғанӣ бадноми ҷаҳон ва Толибон дар инзивои ҷаҳон қарор додааст ва ҳар лаҳза пул дарёфт мекунанд ва маъодини кишварро тороҷ менамоянд. Оё ифтихори паштун ҳастанд ё лаккаҳои нангини таърих?Ин ҷо на паштун муқассир аст, на ақвоми дигар. Сиёсиёни ҳама ақвом хиёнат карданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсиёни таҷзияталаб ва муздури паштунҳо раҳмат ва ифтихор барои миллати воҳиди боиззати Афғонистон нестанд.

 

Ин намуна аст.Шумо бубинед, Ҷумъахон Асак, Асадуллоҳ Сарварӣ ва доктар Наҷиб минҳайси мухолифини сиёсӣ назди Аҳмадшоҳ Масъуд буданд. Оё ба иззат ва шахсияти инҳо кадом беҳурматӣ шудааст? Оё эъдом шуданд? Кушта шуданд? Магар имрӯз тифли панҷшерӣ, андаробӣ, бадахшонӣ, кандаҳорӣ ва пактиёволи Хӯстро толибони паштунтабор ба баҳонаи бағовату мухолифат бо иморати тақаллубӣ маҷҳул накушта, намекушад ва салохӣ надоранд? Дар як шаб чаҳорсад паштуни ачакзаиро дар Кандаҳор салохӣ накарданд? Куҷояш ба паштун ифтихор ва ба Афғонистон раҳмат аст? Байрақи миллиро чӣ касе поин в ба оташ кашидааст ва ба ҷурми дӯстӣ бо байрақи серанги миллӣ мардумро шаллоқ намезананд? Инҳо паштун нестанд, кистанд?Таҷзия маъно ва таъриф дорад. Дар Афғонистон таҷзия маъно надорад, аммо сохтори низом як хости маъқул аст, ҳар кас мехоҳад низомеро таъриф ва дифоъ кунад, ин ба маънои таҷзия нест.

 

Аммо мушкил зарфияти дарки сиёсӣ аст, ки дарки мо заиф аст, то фаҳми мо.