28 – ТАШАББУСИ СОЗАНДА ВА НАЗАРРАС!

А.Ҷомӣ: Андеша  

Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёди давлати пешрафта ва амалӣгардии манфиатҳои тамоми қишри ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо иқдомҳои беназири ҳизби мо дар миёни мардуми мамлакат бо ташаббусҳои созанда, шӯҳрати ин ҳизбӣ мардумӣ ва бунёдкорро боло намуда, назар ба гузашта дар ободкорӣ, бунёдкорӣ, сабзу хуррам гардонӣ, ҳунармандӣ, гиромӣ доштани гузаштагон, дасти кумак расонидан ба муҳтоҷон ва маъюбон инчунин пешрафти илму технология бараъло назаррас мебошад. Нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ХАМРОЗИ ХАЛҚ бозгуи тамоми фаъолити ҳизбиён буда, маҳз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру роҳнамоиҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон назар ба солҳои қаблӣ аз соли 2020 то инҷониб саҳифаҳои ин нашрия кори ҳаммарӯзаи ҳизбиёни вилоятро таҷассум менамояд, ки бо суръат боло рафтани созандагиҳо ва рушди ҷомеа ин аз дастгирӣ ва пурра амалӣгардии барномаи ҲХДТ мебошад. Ҳизбиёни вилояти Хатлон тавонистанд бо дастгирӣ аз 28 ТАШАББУСИ СОЗАНДА, ҷомеаи шаҳрвандиро ҷалб намуда, ҳар якеро барои саҳм гузоштан дар ободӣ, пешрафт ва рушду нумӯи диёри худ роҳнамоӣ созанд. Бахшида ба санаҳои муқаддас садҳо иншоотҳои ҷашнӣ кушодашуда, дар ин қатор ;

1- СОХТМОНИ БИНОҲОИ МАЪМУРӢ

Ташаббуси кушодашавии биноҳои маъмурӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ, шароит фароҳам овард, дар атрофи худ мардуми маҳалро мутаҳид сохта, дар тамоми корҳои ободонӣ ва хайру сахо саҳмгузорӣ намоянд. Маҳз бо ташаббуси худи маҳал масъалаи сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байни деҳот, шинонидани симчубҳои замонавӣ ва обёрикунони деҳот ҳалли худро пайдо намуда, дар ин самт корҳо идома дорад.

2- ТАЪМИНОТИ ТЕХНИКА

Беҳтарин ташаббус таъминоти нақлиётҳои хизматӣ, ки тавонистанд кормандонӣ ҳизбӣ тамоми аҳолиро дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ фарогир бошанд. Имрӯз корбарӣ ва расидагӣ ба ҳамма ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо нақлиёти хизматӣ кори ҳизбиёнро осон намуда, асоси пешравӣ ва корбарӣ дар ҳамма ташикотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.

3- БУНЁДУ АЗНАВСОЗИИ ИНШООТҲОИ СОҲАИ МАОРИФ

Ҷалби мардум ба ҳашарҳои дастаъҷаъмона барои сохтумони мактабу синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади ҷалби аҳолӣ. Ин иқдом боис гардид, ки тамоми аҳолии кишвар ба корҳои ободонӣ ва бунёдкори дар самти соҳаи маориф иштироки фаъолона намуда, ҳамарӯза корҳои назаррас аз ҷумла сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ, таъмиру тармими синфхонаҳо, сафолакпӯш намудани роҳравҳо таҳти шиори "Якҷоя месозем" ба роҳ монда шудааст.

4- РОҲСОЗӢ

Бо мақсади дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи ҲХДТ аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар тамоми корҳои ободонии маҳал аз ҷумла роҳсозӣ саҳми худоро расонидаистодаанд. Ҳатто дар дурдасттарин деҳот мумфаршкунӣ ва сангфаршкунӣ аз ҷониби аҳолӣ ба роҳ монда шуда, ҳаммаи иқдомҳо дар сомонаи ҲХДТ ҷо карда мешавад. Аввалин шуда ин иқдомро вакилони ҲХДТ дар амал оғоз бахшида, соҳибкорон ва сокинони маҳал дар пайгирӣ аз ин амали нек саҳми худро гузошта истодаанд.

5- БУНЁДИ ПУЛ

Бунёди пулу купрукҳо, ки бо саҳми аъзоён ва ҷонбдоронӣ ҲХДТ таҳти шиори “Якҷоя месозем” сохта ба истифода дода шуда, таъмиру азнавсозии купрукҳо дар ноҳия идома дорад. Аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва соҳибкорону сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи аксияҳои ҳизбӣ танҳо давоми ду сол зиёда аз 3-пули мошингузар таъмир гардида, корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим дар ин самт идома дорад.

6- ОБЁРИКУНОНӢ

Бо мақсади дастгирӣ аз эълон гардидани даҳсолаи байналмиллали “Об барои рушди устувор,барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавриди дастгирии аҳли ҷомеа гардида, фаъолон ва аъзоёни ҳизб дар тозаю озода кардани ҷӯю каналҳо, кашидани қубурҳои обгузар ва таъмини аҳоли бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми худро гузоштанд.

7. НИҲОЛШИНОНӢ

Шинонидани дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ бо ташкили аксияҳо ва шанбегиҳо яке аз ташшабусҳои беназири ҲХДТ мебошад. Аҳолии кишвар ин иқдомро пеша намуда, бо ташкил намудани ҳашарҳои дастаҷаъмона дарахтони зебои ҳамешасабз гулу буттаҳои ороишӣ, хусусан гулҳои Садбаргу Лола ба зебогии диёр ҳусни дигареро зам намуд.

8. АЗНАВСОЗИИ ИНШООТИ ГИГИЕНӢ

Бо пешниҳод гардидани нақшаи сохтумони иншоотҳои гигиении дренажӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки нахуст аъзоён ва кормандони кумитаҳои вилоят бо ҳашари дастаҷаъмона ба зарадидагони офати табии ноҳияи Хуросон сохта ба истифода доданд, минбаъд дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ гардид.

9. МАКАЗИ ҚАБУЛ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ҲУНАРМАНДӢ

Ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2009-2020 рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ,Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳунарҳои дастӣ , тамоми ҳунармандонро руҳу илҳом бахшида, дар ҳама ноҳияҳо марказҳои ҳунармандӣ барои қабул ва фурӯши молу маҳсулот ба фаолият оғоз намуданд.

10. СОХТМОНИ УТОҚИ РАИСИ КУМИТАИ МАҲАЛЛА

Зери ин ташаббус бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳои раиси маҳал бо аҳолӣ дар соли 2020 аз тарафи Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси лоиҳаи пешниҳод намудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон якчанд утоқҳои раисони маҳал бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии “М.Турсунзода” ва ташкилоти ибтидоии “Боқи Раҳимзода” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қ.А ду утоқи кории Раиси Кумитаи маҳал кушода шуд.

11. РӮЗИ ЁДОВАРӢ

Яке ташаббусҳоест, ки аз ҷониби ҳизбиён роҳандозӣ гардида, саҳми тамоми аҳолӣ дар ин аксияҳо ба назар мерасид. Оромгоҳҳое, ки солҳои тулонӣ мавриди истифода набуданд, бо кумаки тамоми аъзоён, волонтёрон ва фаълон тозаю озода гардонида, гулу дарахтони ороиши шинонида шуд.

12. ЭЛЕКТРОНИКУНИНИИ ФАЪОЛИЯТ

Дар марҳилаи ҷаҳонашавӣ рӯ овардан ба электроникунонии фаъолият барои тамоми сохторҳои ҳизбӣ таккони ҷидие бахшид. Ташкили почтаи электронӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ дар самти баланд гардидани саводи сиёсии кормандон ва аъзоён заминаи хубе гузошт.

13. ТАШКИЛ ВА КОРБАРӢ ДАР СОМОНА

Имрузҳо дар ҳар як кумитаҳои шаҳру ноҳия Сомона ташкил гардида, фаъолият дар маҳзан ва дастрасӣ ба иттилооту пешниҳоди маълумот оид ба рафти аъзокунӣ шафоф ва содда ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки бо ташкили сомона дар байни кумитаҳо рақобат ба вуҷуд омада, ҳар яке дар пешниҳоди мавод, хабар ва иттлоот кушиш ба харҷ доранд.

14. САҲИФАИ “КУМАК БА МАЪЮБОН”

Ташкили саҳифаи иҷтимоии ( фейсбук ) “ Кумак ба маъюбон” ва фаро гирифтани маъюбони дар ҳақиқат ба дастгирӣ ва ғамхорӣ ниёз дошта, ташаббуси ғамхорона ва беназири ҲХДТ мебошад. Имрӯз, ки тамоми ҷаҳон васеъ аз ин саҳифа ( фейсбук) истифода мебаранд, ҷо додани маълумот оид ба имконияти маъюбон шароит фароҳам овард, ки тариқи тамос ва ба суратҳисоби шахсии маъюбон маблағ гузаронида шавад.

15. “ Ҳунарҳои дастӣ” ин саҳифа дар фейсбук имконият дод, ки тамоми ҷаҳон аз ҳунар ва маҳорати ҳунармандони кишвар аз наздик ошноӣ пайдо намоянд. Молу маҳсулоти ҳунармандон тариқи саҳифа ба фуруш мондашуда, истеҳсоли ҳунарҳои дастии ҳунармандон ривоҷу равнақ ёфт.

16. Конфиренсияи байналмилалии илмӣ-амалии “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Баргузории Конфиренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ки олимону ходимони сиёсӣ ҷалб гардида буданд, бо пешниҳоди беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ ва илмӣ оид ба Мактаби сиёсии Пешвои миллат, ташаббуси беҳтарин ҲХДТ дар вилояти Хатлон буд. Баргузории чунин конфронсҳо имконият фароҳам овард, ки аз ҷиҳати илмӣ фаъолияти тақдирсоз ва ваҳдатофари Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба иштирокчиёни Конфиренсия оид ба худтакмилдиҳӣ ва аз ҷиҳати илмӣ баҳо додани хизматҳои шоёни Пешвои миллат замина фароҳам овард.

17. МАҶАЛАИ ИЛМИИ “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”

Ворид гардидани Маҷаллаи илмии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ, дастоварди бузӯрг ва ифтихорӣ тамоми аъзоёни ин ҳизби пешсаф мебошад. Дар ин маҷалла метавон беҳтарин маводҳо ва маълумотҳоро оиди мактаби ваҳдатофарӣ, ватансозӣ ва давлатдории тоҷикон бо роҳбарии Пешвои –миллат дарёфт намуд.

18. ИНТИШОРИ МАВОД

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизб ташвиқу таблиғ ба ҳисоб рафта, ташаббуси интишори мавод дар шабакаҳои интернетӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ҳамарӯза паҳн намудани дастовардҳо, андешаҳо ва вокунишҳо бар зидди гурӯҳҳои террорстиву экстримистӣ, ки фаъолияташон халалдор намудани фазои иттилооти, паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва дар байни омма ташкилӣ нозоъ буд, тавонистем ҷавобан ба кирдорҳои зиддиинсонии гурӯҳҳои зиддидавлатӣ фазои иттилоотиро бо маводҳои ҳифзкунандаи фарҳанг, забон дину мазҳаб ва расму оини ниёгон фаро гирем.

19. ВОКУНИШҲОИ ҲИЗБӢ

Муборизаҳои ҷаҳони имруза ба василаи “қалам”, ки тавонистааст ҷойгузини сардтарин яроқ бошад, рӯз то рӯз шиддат ёфта, маҳз ҷанги иттилоотӣ дар ҷаҳон омили сарзаданӣ низову хушунат ва муқовимати диниву мазҳабӣ мегардад. Ташкили гурӯҳи вокунишгарони ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Фаъолони мо тавонистанд бар зиддӣ гурӯҳҳои зиддидавлатӣ вокуниш нишон дода, ҳамарӯза мақолаҳои таҳлилӣ ва бар зиддӣ маводҳои ифротгароёнаи душманон шарҳу ақидаҳои хешро пешниҳод созанд.

20. ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОН

Дар шароити кунунӣ рӯ овардан ба хоҷагидорӣ ва ташкилӣ хоҷагиҳои ёрирасон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ,Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рӯзгори шоиста ва истифодабарии самаранокии замин ташаббуси ташкили “Хоҷагиҳои ёрирасон” дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ беҳтарин ташшабус ба ҳисоб меравад. Ташкили хоҷагии ёрирасон ва рӯ овардани ҳизбиён ба ин соҳаи калдии хоҷагидорӣ, замина пеш овард, ки ҳам даромад ба буҷҷаи кумита ворид гардад, инчунин ба кормандонӣ кумита низ барои беҳтар гардидани шароити зиндагияшон кумак расонида шуд.

21. “МАРКАЗИ ТРЕНИНГӢ”

Ташкилӣ Маркази тренингӣ барои фаро гирифтани кормандонӣ ҳизбӣ муҷаҳҳаз бо ҳама шароитҳои муосир, шароит фароҳам овард, ки мо кормандон аз рӯӣ барномаҳои нав таълим омухта, савияи дониши сиёсии худро такмил диҳем . Умуман Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони ҳизб тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Баҳрабардорӣ аз ин курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби беҳтарин коршиносон, замина фароҳам меорад, ки кормандони ҳизб донишу ҷаҳонбинии васеъ ва маданияти баланди сиёсиро соҳиб гардида, барои амалигардии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош варзанд.

22.ФАЪОЛИЯТИ ВАЛАНТИЁРӢ

Имрӯзҳо ҳама чорабиниҳои ҳизбӣ бо иштироки фаъолонаи ихтиёриён, гузаронида шуда, ин ташаббуси ҳизбӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ҳамчун аъзои фаъоли ТҶҶ “ Созандагони Ватан” натанҳо дар раванди чорабиниҳо, балки дар тамоми ташаббусҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ободонӣ, бунёдкорӣ, ниҳолшинонӣ ва раванди аксияҳои ҳизбӣ назаррас мебошад. Ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ бунёдкорӣ ба нафъи давлату миллат буда, ба ин васила дар ниҳоди онҳо масъулиятнокӣ, ифтихор аз ватандорӣ ва масулияти баланди ватансозиро бедор месозад.

23.БАРНОМАИ “САРБОЗИ ИХТИЁРӢ”

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста дар ҳалли мушкилотҳои рӯзмарраи аҳолӣ, масъулияти баландеро ба зимма дорад.Ҳизбиён мунтазам баҳри таблиғу ташвиқ ва баҳри баланд бардоштани тарбияи ватанпарастии ҷавонон саҳмгузор буда, пешниҳоди барномаи мазкур ва Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ дастурамалӣ хубе мебошад. Бо пурра роҳандози гардидани ин Роҳнамо, ҳам ҷавонон ва ҳам волидайн ҳавасманд гардида, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар иҷрои нақшаи даъват ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем

24. ШАБАКАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ

Роҳандозӣ намудани Шабакаи хизматрасонии логистикӣ, мувофиқ ба талаботи замон буда,дар ин шабу рӯз, ки соҳаи соҳибкорӣ ривоҷ меёбад, пешниҳоди лоиҳаи он аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, албатта беҳтарин иқдом ва ташаббус ба ҳисоб меравад. Имрӯз ки мақсади фаъолияти ҲХДТ ин муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои ҳар як фард мебошад, ба фаъолият оғоз намудани ин шабака барои кишоварзон барои сари вақт ба фурӯш рафтани молу маҳсулоташон мусоидат намуда, ҳамзамон дар рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, кам гардидани шумораи муҳоҷирати меҳнати ва рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи хубе мегузорад.

25. РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ

Навоварӣ ҷорӣ намудани дар фаъолият тавасути Рейтинги ҳизбӣ, барои кормандони ҳизб имконият фароҳам овард, ки масъулияти баланди корбарӣ ва уҳдадориҳои хешро хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Дар фаъолияти ҳизбӣ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расида, барои пешсаф будан талош меварзанд. Дар замири ҳар як корманди ҳизбӣ сифатҳои созандагӣ, эҷодкорӣ ва баланд бардоштани донишу маҳорати корбарӣ, Рейтинги ҳизбӣ таъсири хуб расонд.

26. СОАТИ СИЁСӢ

Бо мақсади фардои дурахшон бояд дар бунёди имрӯз фаъол бошем. Рӯ овардан ба мактабу маориф ва роҳнамоӣ намудани ҷавонон дар роҳи пурифтихорӣ созандагиву бунёдкорӣ баргузор намудани “ Соати сиёси” барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва таълиму тарбия нақши муассир мегузорад. Баррасӣ намудани мавзӯҳои муҳим дар рафти “Соати сиёсӣ” бо мақсади баланд намудани эҳсоси ватанпарастӣ, эҳтироми муқаддасот, баланд бурдани фарҳанги сиёсӣ, меҳнатдустӣ ва барои ҷавононро ба роҳи созандагиву илмомӯзи равона намудан ташаббус ва иқдоми беназир мебошад.

27. МАКТАБИ МАН

Таҳти ин шиор ба роҳ мондани чорабиниҳои мухталиф бо мақсади ҷалби аъзоён ва фаъолони ҳизб ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмини таҷҳизоту мизу курсӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншоотҳои зарурӣ ҷалб карда шуд. Узви фаъоли ҳизб ва вакилони ҳизб дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ иштироки фаъолона намуда, бо дастгирӣ аз ин амалиёт сахми назарраси худро дар ободонии муассисаҳои таълимӣ гузоштанд.

28.ГУЛГАШТИ ҲИЗБӢ ВА ИНТЕРНЕТИ РОЙГОН

“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳаракати ҷавонон, инчунин фароҳам овардани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар партави дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ,Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои ҷавонон ва дошҷуён иқдоми бениҳоят хуб мебошад. Ин гуна дастгириҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ бо мақсади ҷабли ҷавонон аз оворагардӣ ва истифодаи тарзи дурусти технологияи муосир мебошад. Агар дар гузашта донишҷуён ба гирифтани маълумот ва шабакаи Интернетӣ мушкили доштанд, имрӯз бо дастгирии ин ҳизбӣ мардуми ҷавонон метавонанд дар ин макон бо мақсади илмомӯзи ва бо тарзи дурусти техналогияи муосир аз Интернети ройгон истифода баранд.

 

Қосимова Назокат- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.