ВОРУХ ПОРАИ ҶОНИ МАН АСТ!

КИВ: Андеша  

 

Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз минбарҳои баланд ҷониби Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон бо суханпардозиҳои беасос муборизаҳои иттилоотӣ мебарад, то ин ки пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари ҷабрдида муаррифӣ намояд. Ин ва дигар амалҳои ноҷавонмардонаи роҳбарони  Ҷумҳурии Қирғизистон боиси нафрату вокунишҳои натанҳо тоҷикону дигар миллатҳо, балкӣ иддае аз фаъолони худи ин кишвар гардидааст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ назару бовариҳои худро ошкоро иброз медоранд.

Бояд қайд намуд, ки  саркардагони ин муноқишаи нангин дар марзи наздисарҳадии Ворухи вилояти Суғд, роҳбарияти Кумитаи амнияти миллии ин кишвари ҳамсоя мебошад, ки бо ин амали нопокашон ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишварамон халал ворид намуданд. Дар ин ҳуҷуми ҷинояткоронаи онҳо, фарзандони вафодори Тоҷикистон ба хотири ҳимояи марзи кишвар худ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Қобили зикр аст, ки мардуми баору номуси Тоҷикистон дар таърихи давлатдории худ боре ба кишвари ҳамсояи худ ҳуҷум накардаву боиси маргу мири одамони бегуноҳ нашудаанд. Вале халқи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири  марзу буми сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоиҳои бемислу монанд нишон додааст. Зеро ҳимояи Ватан барои тоҷикон қарзи муқаддас ба ҳисоб меравад.  Имрӯзҳо ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистонро ин ҳодисаҳо бетараф гузошта наметавонад. Зеро ҳар қатра обу ҳар порчаи ин сарзамини муқаддас барои мову фарзандонамон азиз аст, ки дар ҳимояи он ҷони худро дареғ намедорем.

Мардуми тамаддунофари тоҷик бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар фазои  орому осуда  кору зиндагӣ дошта, намегузоранд, ки ягон нохалафе бо дассисаву амалҳои иғвоангезонаи худ фазои сулҳу суботи моро ноором созад.

Дилшод Шодиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон