ТАШАББУСҲО: аз 5 то 28 адад

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар радифи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори 30 (35)-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори деҳот ташкили корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун 28 ташаббусҳои ҳизбиро зери уновни «Якҷоя месозем!» ба таври муташаккилона ба роҳ монданд. Боиси зикр аст, ки дар давраи гузашта ин гуна ташаббусҳо ҳамагӣ 5 ададро ташкил медод.

Боиси зикр аст, ки дар таҳия ва амалисозии ташаббусҳо ва навовариҳо сохторҳои ҳизбии вилоят мутаносибан пешсаф буда, гурӯҳе аз ташаббусҳои пешгирифта барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ низ, мавриди баррасӣ қарор доранд.