МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАРБИЯВӢ – ОМИЛИ ХИСЛАТҲОИ ҲАМИДА

Данғара: Андеша  

Тарбияи хонандагон мувофиқ ба синну соли онҳо гуногунранг мешавад. Омӯзгор дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба шогирдон донишҳои сиёсӣ, меҳнат, ахлоқӣ ва маданияти рафтор аз қабили боинтизомӣ, хушмуомилагӣ эҳтироми падару модар, калонсолон, ватандӯстӣ, худшиносӣ, илмомӯзӣ ва ғайраро тарбия менамояд. Барои расидан ба  чунин мақсадҳои наҷиб омӯзгор метавонад бо салоҳдиди худ ҳафтае ду маротиба суҳбату машғулиятҳо гузаронад. Омӯзгор метавонад бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ дар синфҳо мавзӯи муайянро интихоб  карда, мувофиқи нақша гузаронад. Мувофиқи матлаб гузаронидани мушғулиятҳои тарбиявӣ дар синфҳои  ибтидоӣ ба таври суҳбат, саволу ҷавоб мебошад. Омӯзгорони синфҳои  ибтидоӣ дар баробари диққати асосиро ба ҷиҳати таълими дарс эътибор додан ба ҷиҳати тарбиявии он низ аҳамияти зурурӣ бояд диҳанд.

Оиди беҳдошти кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иттиҳодияҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил карда мешавад, лекин ин иттиҳодия аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки мувофиқи матлаб кору фаъолият надорад. Нақшаи кории  солона тартиб медиҳанду бемасъулиятона рафтор менамоянд.  Мақсади ташкили иттиҳодия барои пешрафти кори  таълиму тарбия, таҷрибаомӯзии омӯзгорони ҷавон, ёрии амалӣ расонидан ба онҳо, ҳалли мавзӯъҳои баҳсталаби марбут ба  кори таълиму тарбия ва дастрас шудани усулҳои фаъоли  таълиму тарбия бо салоҳият ба онҳо мебошад. Масалан, машғулияти навбатиро оиди мавзӯи “Ватан” бо чунин усул гузаронидан  аз манфиат холӣ нест.

Мақсади дарс:

а). Парваридани меҳуру муҳаббат ба хонандагон ва дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, ифтихормандӣ аз Ватани азизи худ, ҳифзи марзу буми он, ҳифзи табиат тарбияи хонандагон.

б). Кӯшиши беҳдошти инкишофи нутқи шифоҳии хонандагон;

в). Ба ҳисоб гирифтани давомот, тозагии синф, сару либос ва омода намудани хонандагон ба дарс:

Омӯзгорон метавонад машғулиятро аз саволу ҷавоб шурӯъ намояд.

  1. Ватан – модар чӣ маъно дорад?
  2. Ватанро ҳифз намудан ҳифзи ҷон ст!
  3. Ватан сар мешавад аз гаҳвора!
  4. Ватан – ганҷи бебаҳо!
  5. Аз маҳалли зистатон иштирокчиёни ҶБВ – ро кӣ медонад?

Баъди ҷавоб гирифтан ба саволҳо омӯзгор метавонад ҷавобҳои хонандагонро пурра намояд. Баъдан анҷоми  саволу ҷавобҳо аз рубоии муъҷизаосои дилпазиру камназири  устод Лоиқ Шералӣ муҳаббату самимиятро нисбат ба  бузургтарин инсони олам – Модар тақвияту нерӯ мебахшад, ки пешакӣ дар тахтаи синф навишта шудааст баён менамояд:

 Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,

 Модар яктост, Тоҷикистон якҷост.

Дар ин ҳолат омӯзгор метавонад якҷоя бо хонандагон ин мисраъҳои шеърии шоири тавоно ва ширинсуханро хонда, мзмуни мисраъҳоро шарҳ диҳанд.

Пас аз ин, омӯзгор метавонад ба хонандагон супориш диҳад, ки оиди Ватан – модар сетогӣ ҷумла тартиб диҳанд.

Баъди хулосабарорӣ оиди ҷумлаҳои навишташудаи хонандагон омӯзгор метавонад расмҳои мазмунноки ифодакунандаи давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва замони осоиштаи имрӯзаи Ватани азизамонро намоиш диҳад. Аз рӯи  расмҳо тартиб додани ҷумлаҳо ба таври шифоҳию хаттӣ.

Расмҳои давраҳои гуногун ба он мақсад намоиш дода мешавад, ки хонандаҳо фикрҳои худро бо ҷумлаҳо ифода  намуда метавонад, ки оиди давраҳои муҳокимагардида хулосабарорӣ намоянд.

Омӯзгор диққати хонандагонро баҳаёти имрӯзаи шаҳрвандони Ватани азизамон ҷалб намуда, баён медорад, ки дар замони осоиштаи ватанамон ҳамаи шаҳрвандон, махсусан модарон саодатманд, зеро ки дар ватанамон кабутари сулҳ дар парвоз мебошад. ба ғайр аз инсонҳо боз  ҳамаи мавҷудоти зинда низ модар доранд.

Овардани мисолҳо аз ҳаёт ва мушоҳидаҳо оиди ҳаёти парандагони мавсимӣ ва дигар ҳайвонот зимни супоришҳои гуногуни омӯзгор метавонад нутқи шифоҳии хонандагонро инкишоф диҳад.

Дар охир омӯзгор оиди саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдат дар Ватани  азизамон Тоҷикистон фикрронӣ намуда, дарсро ҷамъбаст  менамояд.

РАҲИМОВА Парвина – омӯзгори МТМУ №83, аъзои фаъоли ҳизб