МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШОҲБИКА”

Восеъ:  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳбика-МТМУ №21”-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳбика-МТМУ №21” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд. Тибқи муқаррарот Абдуллоев Ёқубҷон аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳбика-МТМУ №21” интихоб гардид.

Сипас дар идомаи маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни баромад оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тайёр ва ҳавасманд намудани хонандагон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ибрози назар намуданд.