БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №23

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳия бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ баргузор намуданд. Сипас омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23  дар мавзӯъҳои  “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон: паҳлуҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба идеологияи миллӣ”, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияии фарзанд” ва  “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим”  хониши соати сиёсиро идома бахшид. Таъкид шуд, ки дар ин росто ҷавонони кишвари мо бояд зиракии сиёсиро устувор намуда, дар доираи сиёсати дурбинонаву сулҳҷуёнаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои моддию маънави ва ахлокии Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати милли ва идеологиро устувор намуда, фарҳанги милли ва арзишҳои милливу манфиатҳои давдатро ҳифз намоем.Хонандагон низ бо шукргузори аз Истиқлолияти Ватан, ваҳдати милли ва амнияту осудагии сартосари суханронӣ намуда, шеърҳо қироат карданд.