Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳеҷ кас ба ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба муносибати 79-умин солгарди Иди Ғалаба дар толори хурди бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳеҷ кас ба ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор гардид. Мизи мудаввар бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, кормандони асъули ҳизбӣ ва собиқадорони меҳнати ноҳия гузаронида шуд.Зимни баромадҳо зикр гардид, ки ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бесарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд.Дар ин маҳфил наврасони Боғчаи №1-и ноҳияи Восеъ низ иштирок намуда, шеърҳои омоданамудаи худро дар васфи ватан модар, иди Ғалаба ва дигар мавзӯъҳои ифодакунандаи меҳанпарастиву ватандӯстӣ буд қироат намуда, маҳфилро боз ҳам рангинтар намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баромад намуда ҳамаи иштирокчиёни маҳфилро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, баҳри баргузории чунин як мулоқоти муфид миннатдории хешро ба собиқадорон баён намуд ва ба якчанд нафар собиқадорон баҳри фаъолият ва заҳматҳои солиёнашон Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъро тақдим намуданд.