МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Восеъ: Созандагони ватан  

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиши намуди волейбол, мустаҳкам намудани дӯстии байни ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуни байни ҷавонону наврасон, инчунин бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол доир гардид.Зимни супоридани Ҷом, медал  ва тӯҳфаҳои хотиравӣ Орифзода М-мудири маорифи ноҳияи Восеъ ғолибонро табрик намуда, қайд кард, ки тавре ба ҳамагон маълум аст, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои тандурустӣ, чолокиву далерӣ ва ҷасурии инсон омили асосӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккули шахсият ҷисман ва рӯҳан аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин сабаб аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки пайваста бо варзиш машғул шуда, наздикони худро низ барои машғул шудан ба варзиш талқин намоянд ва бо ин васила дар солим нигоҳ доштани худ ва атрофиён саҳми худро гузоранд.