ИФТИТОҲИ МАҒОЗАИ АРМУҒОН, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА СЕХИ ДУХТИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

Кушониён:  

Имрӯз 26 апрели соли 2024, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ва роҳбарияти ноҳия, дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллиро ифтитоҳ намуданд. Иттилло дода шуд, ки духтарон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Бино ва мағозаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Сафаров Амиралӣ дар асоси нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Бинои мазкур дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён қомат афрохта, тибқи нақша аз 4 ошёна иборат мебошад ва дар ошёнаи якум мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллӣ ва дар се ошёнаи дигар 8 адад манзилҳои истиқоматии иборат аз 1 ва 2 хуҷрагӣ бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст. Иттилло дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2023 оғоз гардида, пас аз ба истифода додан, 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.