САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Кушониён:  

Санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси ҷамоати деҳоти шаҳраки Бохтариён заминҳои ҳосилхез ва истифодаи онро аз деҳаҳои ҷамоати мазкур дидан намуданд.

Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва иҷрои саривақтии он аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, аз ҷумла масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон, маданияти дуруст истифодабарии замини корами назди бино ва истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрории зироатҳо аз қабили картошка, бодиринг, помидор, маккаи дон, караму гулкарам ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро ба роҳ мондаанд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли деҳоти мазкур дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захираи 2 солаи маводи ғизоиро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.