ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ

Кушониён: Андеша  

Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эхтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод аст. Яъне, ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намояд, ки боиси рӯзгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад. Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст.

Шахси ҳунарманд аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Музди меҳнати кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунар аст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар менамоянду ҳунаре меомӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад. 

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ўро болидарўҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб аст. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ. Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро ба ҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае ройгон гузарад.

Ба шароити раванди ҷаҳонишавӣ  Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳибҳунар ва бо ҷои кор таъмин намудани мардуми кишвар, ки аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳастанд саъю талош меварзад. Омӯхтан ва омӯзонидан ин хислати неки одамист ҳунар чароғест, ки роҳи зиндагиро равшан мекунад.

Воқеан ҳам, шахси ҳунарманд ва соҳибкасб бо дастранҷи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ў тавонистааст чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад. Рўзгори осуда ва зебо дорад. Ҳунар инсонро хор шудан намемонад. Аз ин рў зарур аст, ки дар самти соҳибкасб намудану рушд додани ҳунарҳои миллӣ ва муосир бештар талош намоем то ҷомеаи имрўзи мо боз ҳам рангинтару сатҳи зиндагии мардумамон баландтар бардошта шавад.

Гадоева Бибимо мудири касбомӯзии «Армуғон»