КОРҲОИ ТАРҒИБОТИ ДАР ШУРҲАКИ ФАРХОР ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи нақша – чорабиниҳо масъулини  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” оид ба тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва инчунин, тарбияи ҳарбӣ ватандустии шаҳрвандон, пешгирӣ аз исрофкорию пайвастшавӣ ба равияҳои номатлуб, пешгирии аз майл ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои мубрам рӯзи 23.04.2023 дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш намуданд. Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба мавзуи болозикр тақсам намуда бо онҳо суҳбати мулоқотҳо баргузор намуданд. Ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур бо сокинон оид ба фарҳанги либоспушии тоҷикона суҳбат намуда аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки либоспушии миллиро бештар тарғиб кунанда ва ба ягон фарҳанги дигар тақлид накунанд.