БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ “ГӮШТИНГИРӢ” АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ

Кушониён: Созандагони ватан  

 Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 80– нафар сокинон, аз ҷумла ҷавонон ҷалб гардида, 100 нафар сокинони маҳаллӣ деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд. Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.