УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

Ҷ.Балхӣ:  

Имрӯз, 29 апрели соли 2024 дар деҳаи Гагарини Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ дар маҳал, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Раҳимзода Бунафша, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Исматзода Саидшоҳ ва дигар шахсони масъул «Усули хона ба хона»-и гурӯҳӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯз «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешу таборӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.