ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРРОРИЗМ  ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Шаҳритуc: Вокуниш  
      Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеms» гирифташуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадгузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои як равию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
            Терроризм дар инкишофи таърихи иинсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.
     Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
     Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намудаааст. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад.
    Мо сокинони Тоҷикистони биҳиштосо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои асримиёнагӣ ва носолими гурӯҳҳои ифротӣ дар байни ҷомеаи мо паҳн шавад.

 

Раҳимов А. - аъзои фаъоли ҲХДТ.