АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ин унвон бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона бо иштироки Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботӣ  роҳандозӣ гардид.

 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак  барои муаррифии либосҳои миллии тоҷикона ва пос доштани фарҳанги куҳанбунёди меҳан корҳои ташвиқотӣ- тарғиботиро дар байни занону бонувони шаҳри Норак ба роҳ мондааст.

​​​​​​​Ҳасанова Наргис зимни сӯҳбат бо занону бонувон ва кормандони бозори марказии шаҳри Норак қайд намуд, ки  либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.