ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕГАРДАНД!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифодаи ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва ҳарчи бештар истеҳсолу захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ имрӯзҳо бо иштироки гурӯҳҳои корӣ дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия суҳбату вохӯриҳои судманд бо усули “Хона ба хона” баргузор гардида истодааст.

Дар ин росто дирӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Гадоев А. ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии МИМҲД-и ноҳия Ҷамшедзода С. чунин вохӯрӣ дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия баргузор гардида, тамоми дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ба ҳар як узви оилаи деҳаи мазкур расонида шуд. заминҳои наздиҳавлигии худро самараноку оқилона истифода мебаранд.

Аз ҷумла иброз гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар мадди аввал қарор гирад ва моро зарур аст ҳар як қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода намуда, дар баробари оилаи худ бозори дохилиро ҳам бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намоем.