ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Падидаи номатлубе,  ки  имрӯз  ҳаммаи  моро даҳшатзада намудааст,  ин даст  доштани тоҷикон  дар  мудҳиштарин  ҷиноятҳо  аз  қабили  терроризму  экстримизм  буда, гарчанде  медонем,  ки терроризму ифротгароӣ ин танҳо моли тоҷик  нест, ва  кадом  ҳаракатҳо ҷавонони моро  ба  чунин  равияҳо ҷалб  месозанд, мутаъсифона натавонистем садди  роҳи ин  кирдорҳои  бадномкунандаашон шавем. Ҳаргиз мардуми  тоҷик то ин  дараҷа  хунсарду қотил набуд.   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша  дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.Маҳз  сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ин  кирдорҳои ғайриинсониро  маҳкум  намуда, иброз намуаанд,  ки “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, дарвоқеъ чунин  амалҳои номатлуб рабте ба ягон миллату дин надошта, чунин  даҳшатафканӣ,  қатлу  куштори  бегуноҳонро ягон  давлат, ягон дин ва ягон  миллат  қабул  надорад.

Бояд  қайд намуд, ки бештар ҷавононро шомили созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб  намуда, бо як  тир  ду  нишон мезананд. Ҳамзамон як  давлатро ноором  намуда, инчунин ҷони  ҷавони дигареро  қурбони ин  роҳ  намуда  дар  байни  мардум ҳиссиёти  бадбинӣ  ва  даҳшатафканиро зиёд месозанд. Аз ин рӯ, дар раванди татбиқи тадбирҳои пешгирикунанда нақши оила, муассисаҳои таълимӣ   ва  ҷомеа меафзояд.

      Мо  бояд  дар  пайи  ҷустани роҳи  ҳалли  ин  масъала, пешгирии  ҷавонон аз  ин  падидаҳои  номатлуби замон,  ки ҳадафи  ҳаммаи  мо  пеш  аз  ҳамма бояд тарбияи ҷавонон бо назардошти пешгирии рушди ҳамагунаи зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм бошад, аҳмияти ҷидди  диҳем. Мегуянд илоҷи воқеа пеш  аз  вуқуъ. Агар  имрӯз  дар  муттаҳиди  баҳри пурра  решакан намудани  ин  зуҳурот талош  наварзем  фардо  дер  хоҳем  кард.  

 

      Давлятова Насима - коргузори ҳизбӣ