ҲАДАФИ ЧОРУМ ОМИЛИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

Бохтар: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба бадаст овардани Истиқлолияти комил ва Ваҳдати миллӣ баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва калидии кишвар ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус равона намуда,ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандози намуд.Ҳар сол дар кишвар сохта ба истифода додани корхонаҳои хурду бузург молистеҳсолкунанда ва таъмин гардидани сокинон ба ҷои кори доимӣ далели рӯ ба рушд будани соҳаи саноати кишвар мебошад.Баъди навсозӣ дар Ҷамъияти саҳоми кушодаи “Гулистони Душанбе”бори аввал истеҳсоли шиму кастюми мардонаю занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ,ки дар давоми соли 2022-2023 аз Ҷопон,Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,Италия,Чин,Англия,Федератсияи Россия ворид шудааст.Дар натиҷаи навсозии пурраи қитъаҳои омодакунӣ,поракунӣ,таҷрибави,дузандагӣ,ворид намудани таҷҳизотҳои муосири техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон шароитм мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими фаъолияти корхона фароҳам шуд.Бо васеъ гардидани имконияти корхона барои содироти молу маҳсулот бо ширкатҳои бонуфухи ҷаҳонӣ шартномаҳои ҳамкори баста мешавад.Бо истифода аз иқтидори техникӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либоси махсуси корӣ барои фаслҳои тобистону зимистон,шиму кастюм,либоси мактабӣ,варзишӣ,курта ва рахти хоб,дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот истесол намояд.Баъд аз навсозӣ дар корхона 230 ҷойи кории иловагӣ таъсис гардида,дар маҷмӯъ ба470 ҷойи корӣ расонида шуд.Дар сурати дар се баст ба роҳ мондани фаъолити корхона то 1200 ҷойи корӣ муҳайё гардида,он барои амалишавии фарогирии шумораи ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба ҷойи кор мусоидат мекунад.Дар 9 моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар87 корхонаи дузандагӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст,ки аз ин 21 корхона ба ш Душанбе рост меояд.Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои саноатикунониибосурати мамлакат бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузори аз тарафи соҳибкорони ватаниМарҳилаи дуюми ҶДММ “Қолинҳои Душанбе”ба истифода дода шуд.Дар корхонаи қолинбофӣ шумораикоргарон,ки аксаран бонувон мебошанд,ба 600 нафар расид.Масоҳати ҷогиршавии ҶДМ “Қолинҳои Душанбе 2,7 гектар буда,иқтидори истеҳсоли корхона4500мтр мураббаъ дар як шабонарӯз ва13.5 ҳазор метри мураббаъ қолин дар як моҳ мебошад.Иқтидори солонаи корхона дар як сол ба 4 миллиону 860 ҳазор метри мураббаъ мерасад.айни замон талабот ба қолин дар ҷӯмҳурӣ дар як сол 8,0 миллион метри мураъбаро ташкил медиҳад.Солҳои охир ҳамаи шаш корхонаҳои қолинбофии амалкунандаи ҷумҳурӣ бо пешрафтатарин технологияи соҳавӣ,аз ҷумла бо 26 хатти истехсолии Ширкати Вандевил-Шохигарии Белгия,фаъолияти худро ба рох монда мутобик ба стандартхои пазируфта шуда мол истехсол мекунанд.Тайи нуҳ моҳи соли равон дар мамлакат 3-миллиону 921,82 метри мураббаъ қолин истеҳсол шуда,ин нишондод дар нуҳ моҳи соли 2022-юм 5миллиону 515,09 метри мураббаъро ташкил медод.Иқтидори солонаи корхонаҳои қолинбофи Тоҷикистон 13 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ қолин дар як сол арзёби мешавад.Тайи нуҳ моҳи соли равон ба мамлакат 3-миллиону 328,8 ҳазор метри мураббаъ қолин ворид шудааст,ки ин нишондод нисбат ба содирот хеле зиёд аст.Корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис”, корхонаи,нав,ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст,ба истеҳсоли маҳсулоти патдор ва мамҳсулоти тайёри патдор,аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот,машғул мебошад. Корхонаи нассоҷи “Арвис” имкон дорад,ки лар як сол 3-ҳазору 600-тоннаресмони пахтагинро коркард намуда,аз он маҳсулоти патдор истеҳсол ва бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд.Дар оянда содироти маҳсулоти тайёри ҷамъият низ марҳила ба марҳила дар назар аст,зеро дасгоҳу таҷҳизоти корхона имконият медиҳад,ки маҳсулоти ниҳои он дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол шавад.Айни замон корхонаи нав истеҳсоли 500 номгӯй маҳсулоти нассоҷиро роҳандозӣ намудааст.Дар корхона дасгоҳҳои муосири нассоҷӣ аз кишварҳои Белгия,Олмон,Туркия,Ҷопон ва Корея харидорию насб шудааст ва онҳо имконияти хуби таъмини сифати баланди маҳсулоту рақобатпазир будани онро доранд. Корхонаи нассоҷӣ дорои коргоҳҳои тортанӣ,суфтакунӣ,бофандагӣ,рангубор,тарроҳӣ ва дузандаги буда фаъолияти он ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ.роҳандозии раванди пурраи коркарди пахта дар дохили ҷумҳурӣ ва истеҳсол намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст.Баъди ифтитоҳи корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе 600 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд,ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд.Дар корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис”истеҳсоли матоъ,рангубори он,нармкунӣ ва омодасозии маҳсулоти ниҳоии баландсифат роҳандозӣ шудааст.Рангубори маҳсулот низ дар дохили корхона ба роҳ монда шуда,таҷҳизоти васлгардида иқтидор дорад,ки дар 1 шабонарӯз то 15 ҳазор килограмм маторо рангу оро диҳанд. Дар ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба рушди истеҳсолоти молҳои ивазкунандаи воридотӣ саҳми митақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ), ки солҳои 2008-2021 дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд,басо калон аст. МОИ Суғд, Панҷ, Данғара, Ишкошим, Кулоб, таъсис дода шуданд, ки МОИ”Суғд”ва “Данғара”аз минтақаҳои озоди иқтисодии фаъол маҳсуб меёбад.

Рушди бо суръати саноат барои ҳалли вазифаҳои бартараф намудани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ бо роҳи зиёд намудани ҳаҷми содирот ва диверсификатсиякунонии он, афзоиши истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридотӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кори ҳаётан зарур аст. Ба ҳамин тариқ, бартараф намудани раванди ғайрисаноатикунонии кишвар ва табдили Тоҷикистон ба мамлакати индустиалию аграрӣ зарурияти объективӣ ва вазифаи муҳими стратегӣ рушди минбаъдаи иқтисодиёти милли мебошад.Дар Стратегияи миллӣ рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳила ба марҳила табдил додани ҷумҳурӣ ба мамлакати индустриалию аграрӣ пешбинӣ шудааст:дар марҳилаи аввал (2016-2020)афзоиши ҳаҷми исеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 35%-ро ташкил дода, ҳиссаи саноат дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохила (ММД)аз давраи 12,3 то 12,5-13,2% дар марҳилаи дуюм (2021-2025) то 16% ва дар охири давраи пешбинишаванда (2026-2030) то 20-20,5% афзоиш меёбад.Дар соли 2030 ҳиссаи саноат ва кишоварзӣ дар сохтори ММД мутаносибан 20-20,5%ва 19-19,5%-ро ташкил мекунад.

Ҳалли вазифаи саноатикунонии мамлакат тағироти куллиро дар сохтори шуғл тақозо менамояд.Тибқи СРМ-2030 ҳиссаи соҳаҳои хизмаирасонӣ дар сохтори шуғл дар солҳои 2016-2030 аз 27,6 то 60%,саноат аз 3,3 то 15-20%меафзояд ва мутаносибан шуғл дар кишоварзӣ коҳиш меёбад,70%-и афзоиши захираҳои меҳнатӣ деҳот ба соҳаҳои саноат,бахши иҷтимоӣ ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ равона карда мешавад.Дар давраи татбиқи СРМ-2030 дар саноати ҷумҳурӣ 3 баробар афзудани ҷойҳои корӣ дар назар аст.Имрӯз дар ҷумҳури норасоии мутахасисони соҳибкасби ихтисосҳои техники ва шуғли барзиёд дар хоҷагии қишлоқ ҷой дорад.Ҳоло дар Ҷумҳурӣ аз сабаби алоқамандии нокифояи бозори меҳнат бо низоми маориф мушкилоти таъмини хатумкунандагони низоми таҳсилоти касбӣ бо шуғл ба назар мерасад,фоизи нисбатан пасти хатмкунандагон мувофиқи ихтисоси гирифта шуда ба кор таъмин мегарданд.Дар бозори меҳнат корфармоён норасоии малакаҳои касбӣ ва сифати пасти таҳсилоти довталабони ҷой корро қайд мекунанд.Бояд қайд кард,ки дар баробари гузариш ба иқтисодиёти индустиалию аграрӣ,мушкилоти норасоии қувваи кории баландихтисос барои соҳаҳои пешбурди иқтисодиёт аз ҷумла саноат зиёд мегардад.Бинобар ин,гузариш ҷумҳурӣ ба иқтисодиёти индустиалию аграрӣ зарурияти аз нав дида баролмадани консепсияи рушди таҳсилоти касбиро бо назардошти тағироти сохтори шуғл ва талаботҳои бозори меҳнат дар оянда,ба миён меоварад.

Дар консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар шароити иқтисодиёти индустриалию аграрӣ мо бояд ба ҳалли масъалаҳои зерин бештар таваҷӯҳ зоҳир намоем:

-зиёд намудани шумораи хатмкунандагон дар бахши ихтисоси муҳандисию техникӣ ва илмҳои табиӣ;

-инкишофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф;

-ташаккул ва рушди кластерҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ аз рӯи бахшҳои афзалятноки иқтисодиёт-кишоварзӣ,энергетика ва нақлиёт;

-таъмини рушди мунтазами касбӣ;

-такмили механизми алоқаманди байни таҳсилоти касбӣ ва бозори меҳнатӣ;

-дасгирии рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,ки бо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг сохта шуда аст;

-пурзӯр намудани ҷузъҳои татқиқотӣ ва ҳамгироии байналмилалии таҳсилоти касбӣ;

-афзун намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф.

Нурализода Наргис - узви ҲХДТ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар