ШАБАКАҲОИ ИЧТИМОӢ МАЙДОНИ ДАСИСАБОЗИИ ХОИНОН

Фархор: Вокуниш  

 

Саркардагони гурӯҳҳои мухолиф ва хоинони миллат аз аввал барои соҳиб шудани мансаб на бо роҳи интихоботу дигар воситаҳое, ки дар ҳақиқат онҳоро мардум бо роҳи қонунӣ интихоб кунанд, балки бо роҳи ҷанг, куштор, террору хунрезӣ, ваҳшоният, ғасби ҳокимият бо зурӣ, мехостанд мақсадҳояшонро амалӣ созанд. Аммо натавонистанд ва имрӯзҳо мехоҳанд дубора мардуми кишварро ба коми дуруғи буҳтонҳои худ каршанду саргардонию сарсониро ба сари миллат бор созанд. Айни замон хоинону бадхоҳои миллат мақсадҳои нопоки худро дар шабакаҳои иҷтимои бо барномаҳои таҳқиромези худ миёни истифодабарндагони шабакаҳои ичтимои паҳн намуда истодаанд.  Аз як ҷониб, рушди шабакаҳои иҷтимоии мазкур ба тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ байни намояндагони ақида, арзишҳои гуногун, мусоидат карда, аз ҷониби дигар, дар дасти гурӯҳҳои нохалафи ифротӣ воситаи қавии гумроҳсозии аксарияти ҷавонон ва натанҳо онҳо, гардида истодааст. Тавассути шабакаҳои ичтимои хоинони миллати тоҷик, ки дур аз Ватан дар кишварҳои аврупоию африкои мегарданд шаҳрвандони кишварро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки барои мақсадҳои ғаразноки сиёсии чунин ҳизбу ҳаракатҳо, гумроҳсозии миллионҳо афроди ҷавон, коштани тухми низоъ ва ба эътидол овардани вазъи осудаи ҷамъият маблағҳои калон, барои паҳнкунии наворҳо ва маводҳои чопии характери ифротидошта ва дигар амалҳои деструктивӣ сарф карда мешавад, ки мутаасифона бархе аз сокинони кишвар ба ин навоҳо ва маводҳои паҳнамудаи онҳо пайриг мебошанд, ки оқибади хубе ба бор намеорад. Алакай мардуми тоҷик бо ин хоинони пастфитрат ба монанди Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров ва Салмон гуфтани як гумроҳи дигар шиносанд ва мақсаду мароми хоми онҳоро медонан, аммо боз ҳастанд нафароне, ки тарорҳ ам шавад дар шабакаҳои ичтимоӣ аз барномаву гуфтаҳои дуруғомези онҳо пайгирӣ мекунанд.Мақсади аввалиндараҷаи ифротгароён ин халалдор сохтани амнияти мардум, давлату ҳукумат, ба таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути чунин амалҳои ифротӣ мехоҳанд ба мақомоти давлатӣ бо роҳи ғайриқонунӣ фишор оваранд. Ҳаракатҳои номатлуб мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомот барои қабули қарори ғайриқонунӣ ва бо мақсади резонидани обрў ва эътибори мақомоти давлатист. Аксари вақт ҳолатҳои зиёде ба вуҷуд меоянд, ки дар он терроризм хосияти инфиродӣ пайдо менамоянд ва онро сабабҳои қасд ва норозигии шахсӣ бунёд месозанд, ки аксаран дар зери омилҳои рўҳӣ ва носозгорию нобасомониҳо чунин амалҳо ба вуқўъ мепайванданд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд.Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба сулҳу субот ва якпорчагии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо, ин ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд, ки новобаста аз муборизаи шадид ва оштинопазири мақомотҳои дахлдор ба ҷамъияти мо таъсири манфии худро расонида истодааст.  Яке аз сабабҳои фирефта шудани ҷавонон ва ба доми таълимоту тарғиботи ифротӣ  афтодани онҳо ин паст будани сатҳи донишу арзишҳои аслии динӣ мебошад. Бояд на фақат дар мактабу донишгоҳҳо, балки дар ҳар як маҳаллаву ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад. Оид ба  гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон бештар маълумот дода шуда, аз мақсадҳои ғаразноки онҳо ҳамагон бояд бархурдор бошанд.Ин хоинони миллат, Ватан, мазҳаб ва ҷинсият надоранд. Бинобар ин ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурии азизамонро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, доимо дар ҳифзи ватани азиз омода бошанд ва андешаҳои ифротгароиро роҳ надиҳанд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

 

 

Тағайзода Рустам – узви ҲХДТ 

бознашр