ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ПАЁМИ ИМСОЛА

Данғара: Созандагони ватан  

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабализода Ҳокимали оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №20 – и ноҳияи Данғара, бо хонандагони синфҳои болоӣ, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурустӣ телефонҳои мобилӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоти судманд доир карда шуд.