МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНД ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи политехникӣ” – и ноҳияи Данғара, бо донишҷӯён, вобаста ба тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурустӣ телефонҳои мобилӣ байни ҷавонон мулоқоти судманд доир карда шуд. Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокимали, қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои пешрафти илму маориф зарурати баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакатро таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд, ки сармашқи ҳар як сокини ватандӯсти кишвари азизамон хоҳад гашт.