ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ОИД БА ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НАСЛИ НАВРАС

Данғара: Созандагони ватан  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маоифчиён” –и ноҳияи Данғара оид ба тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Инчунин оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр ба корҳои ободонию созандагӣ кишвар даъват намуд. Дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ва ҳозиринро ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, вазъи геопалетикии ҷаҳон вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”   таъкид намуданд.