ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БАХШИДА БА СОЛИ 2024 ҲАМЧУН "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

Бохтар:  

Санаи 16 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №7-и шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо падару модарон, омӯзгорону устодон ва хонанадагони муассиса ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр дар самти соҳаи иҷтимоӣ Қурбонзода Наргис ва аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва ғайра суханронӣ намуданд.

Инчунин аз тарафи намояндагон ба иштирокчиёни ин вохӯри зиёда аз 200 адад маводҳои иттилоотӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тақсим карда шуд.