ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ВА РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Бохтар: Андеша  

     Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун армуғони тоза ва пайки пурбароре пешкаши мардум гардидааст, ки дар рушду нумуи кишварамон метавонад ҳамчун ҳисоботи ҷамъбасти солона ва як ҳуҷҷати стратегӣ шинохта шавад. Дар Паёми мазкур бо диди хеле амиқу санҷидашуда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони азиз баррасӣ гардидааст. Махсусан вазъи имрӯзаи ҷомеа ва масъалаи рушди маърифати ҳуқуқӣ дар замони соҳибистиқлолӣ яке аз масъалаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки дар ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷойгоҳи худро дорад.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти Конститутсияи замони соҳибистиқлолии кишварамонро шарҳ дода, ибрози андеша намудаанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Дар баробари ин, пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо ифодагари масъалаҳои пурзӯр намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки масъалаи мубраме ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани ягонагии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ заминаи мувофиқе пайдо намуда метавонад. Маърифати ҳуқуқӣ инчунин, паҳлуҳои гуногунеро дар бар мегирад, ки дар баробари падидаи иқтисодӣ ва фарҳангии он боз донишҳои сиёсӣ лозим меоянд, ки онҳоро баъзан маърифати сиёсӣ низ қаламдод менамоянд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст ва дар ин замина якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 марти соли 2006, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018 ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, амалӣ мешаванд.

Мавриди қайд аст, ки дар маҷмуъ, маърифати сиёсӣ инъикоси расмии ҳама гуна зуҳуроти ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки барои мақому мартабаи давлати миллӣ хусусиятҳои худро дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани мақоми таълиму тарбия ва донистани ҳаққу ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар Пайём зарурати баланд бардории маърифати ҳуқуқӣ , мақому мартабаи он дар ҷомеа баррасӣ гардидааст.Ин аст, ки Президенти кишвар дар шарҳи нуктаҳои асосии

Паём бо тарзи махсус, пайгирона дастовардҳои соли сипаришуда ва дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи кишвари моро таъкид намуда, дигар комёбиҳоро маҳз дар доштани маърифати ҳуқуқӣ таъкид менамояд.

Маълум аст, ки солҳои охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар омилҳои номатлуб таъсири бечуну чарои худро ба вазъи имрӯзаи кишвари мо расонида истодааст. Хусусан масъалаи терроризм, экстремизм ва радикализми динӣ хеле нигаронкунанда мебошанд, ки барои пешгирӣ намудан ва ё муқовимат кардан мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи таблиғи иттилооти бардурӯғ ба рафтори мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Хусусан, мағзшӯӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба ҷавонон ва ташвиқу тарғиб намудани онҳо ба воситаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳолати начандон дурӯст қарор доранд.Аксари нафароне, ки ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мепайванданд аз надоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи пасти дониши сиёсӣ ба ин кор даст мезананд.

Маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм мебошад, ки дар Пайёми навбатии Президенти кишвар зарурату муҳиммияти он баррасӣ гардидааст. Мавриди қайд аст, ки аксари ҷиноятҳои террористӣ бо истифодаи қувваи зӯрӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ истифода бурда мешаванд ва ин амалҳо бештар аз надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш ва надоштани маърифати ҳуқуқӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ибрози андеша намудаанд, ки : “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем... Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.”

Дар воқеъ, ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат моро муаззаф менамояд, ки дар раванди тағйирпазирии ҷаҳони имрӯза бояд дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба ҳиссагузор бошем. Ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, дар ташвиқу тарғиби маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сипари боэътимод кӯшиш намоем.

Ба андешаи мо «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бояд ба соле мубаддал гардад, ки барои таъмини амният ва таҳкими давлатдории миллӣ натанҳо таваҷҷӯҳи моро, балки ҳастӣ ва фаъолнокии мардуми Тоҷикистони азизро зиёд намояд. Паёми навбатии Президенти кишвар дар рушду нумуи маърифати ҳуқуқӣ як Консепсияи бузурги таълимию тарбиявие мебошад, ки барои падару модарон ва аҳли зиёи кишвар дар раванди таълиму тарбия дастур ва роҳбалади муҳим арзёбӣ мегардад.

Рустамзода Муқадас - номзади илмҳои педагогӣ , дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҲХДТ