БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти унвони "Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум менамоем!" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби Президентӣ”-и барои хонандагони болаёқат дар ҷамоати Бустонқалъа, бо омӯзгорону хонандагони таълимгоҳ соати сиёсӣ доир карда шуд. Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода М, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Илҳом Қодирӣ ва муовинон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра барои башарият хатари ҷони ва молиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ба миён овардааст. Моро месазад, ки кӯшиш ба харҷ диҳем ва дар зери сиёсати бомарому ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ба ин васила ҳар як амалу рафторҳои ноадолатона ва кирдорҳои ғаразноку нопоки гуруҳҳои террористӣ экстремистӣ-ро дар ҷомеа қатъиян маҳкум созем.