ҶАВОНОН -  ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Данғара:  

Дар ноҳияи Данғара ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бо иштироки васеи гирандагони стипендияҳои Президентӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бо суханронии ифтитоҳии раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин ва бо суханронии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор оғоз гардида ба якчанд нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ сӯханрони намуда ва барномаи фарҳангӣ фароғатӣ оғоз гардида таъби иштирокчиёни чорабини болида гардиданд.

Дар ҳамоиш зиёда аз 300 - нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуданд. Имсол теъдоди Стипендияи Президентӣ аз 400 ба 3000 адад ва маблағи он низ ба 600 сомонӣ расонида шуд.

Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон баҳри ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст.

Аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба ҳар гирандаи Стипендияи Президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.