ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

Муъминобод:  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва амалӣ гардонидани  аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем»  корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шуд, ки дар он аъзо ва кормандони як қатор ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Дар рафти он баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофии корхонаҳо аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои  тозакунии роҳҳо аз алафу буттаҳои бегона ва нармкунии бехи гулу дарахтон ба роҳ монда шуд.

Аксияи мазкур бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Роҳбарияи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар ва ҷалб намудани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ карда шудааст.