ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ДУРАХШОН"

Н.Хусрав: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон” ҷамоати деҳотии “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбасти гузаронида шуд. Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия Саидмуродова Шаҳло оғоз намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оид ба амалишавии барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 04.04.2023 №12  доир ба эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, аз рӯи масъалаҳои зикршуда узви КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода М.С суханронӣ карда зикр намуд, ки шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки таваҷҷӯҳи хонандагонро ба хондани китоб  ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷалб намуда, ин равандро ҷиддӣ назорат баранд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои судмандро ба роҳ монанд. Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.