СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №5

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба таъмини иҷрои Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, кормандони шуъбаи маориф, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадарон «Соати сиёсӣ» доир карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" сӯҳбат доир карда шуда, аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 - сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор яке аз мавзӯҳои асосии сӯҳбати иштирокчиён буд.