ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МАОРИФЧИЁН" ВА ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Н.Хусрав: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки “Баҳор” ҷамоати деҳотии “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ бо директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия Сафаров Нурхон баргузор гардид. Дар хониши сиёсии баргузоргардида масъалаҳои зерин аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз он, захираи маводи кофии ғизоӣ барои давраи зимистон, инчунин оид ба амалишавии барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 04.04.2023 №12  доир ба эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳо ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.