БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОБОДГАРОНИ ВАТАН” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ҳисобот  

Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгарони Ватан” маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳа доир гардид.

Кори маҷлисро Бузмаков Муҳамаддовуд-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгарони Ватан” кушода, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 ҳисобот дод. Бузмаков Муҳамаддовуд иброз дошт, ки ҳизбиёни ташкилот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самарабахш фаъолият дошта, тасмим гирифтаанд, ки ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам бештару хубтар фаъолият карда, баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт ва ҷашнҳои дар пеш истодаро бо туҳфаҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.

Сипас, Тоҷидинов Ориф-муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон ва оид ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон избрози андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷиддинов Ориф оиди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти мазкур ёдрас намуда, аз тамоми аъзоён барои анҷоми корҳои ободониву созандагӣ даъват ба амал овард.

Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант