ГУЗАРОНИДАНИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КАФТАРХОНА”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси  нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафтархона-МТМУ №16” баргузор гардид. Дар кори маҷлис мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шодибеги Идӣ,  раиси ташкилоти ибтидоии “Кафтархона-МТМУ №16” ва  аъзоёни ташкилоти номбурда иштирок намуданд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Кафтархона-МТМУ №16”  оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Кафтархона-МТМУ №16” дар давраи ҳисоботӣ.
  2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
  3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Кафтархона-МТМУ №16” Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Кафтархона-МТМУ №16” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафтархона-МТМУ №16” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис масъулини ҳизбӣ баромад намуда, фаъолияти ташкилоти болозикрро дар давраи сипаригардида хуб арзёбӣ намуданд.