ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  
Дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Навобод-1-и ташкилоти ибтидоии ”Навобод-1” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома интихоби раис бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда шуда, аз сари нав интихоб гардиданд. Ҳамзамон, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Баротова Зинат ба сухан баромада, дар масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб сухан намуда, масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодшуда баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Баъдан, аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, барои пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолият ва таъсисёбии 30-солагии ҲХДТ аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем.
 
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ