МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ “БОҒИ ФАРҲАНГӢ”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 16-уми августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғи фарҳангӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбарӣ гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, раиси ТИ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок  намуданд. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин, вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муайян намуданд. Аз ҷумла дар баромадашон гуфта шуд, ки дар тамоми ҳамин давра нақшаҳои моҳона иҷро гардидаанд.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам садоқати худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад.

Бо дасгирии кулли иштирокчиён Зубайдов Р. ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар баромади хеш масъулин шунавандагонро хотиррасон намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Дар охир зикр гардид, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш