КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА ОИЛАИ СОЛИМ

А.Ҷомӣ:  
Санаи 3.05.2024 сол, дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабини бахшида ба “ Оилаи солим ҷомеаи солим” баргузор гардид.
Дар ин чорабини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, муовинони раиси ноҳия, муовини Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини роҳбарони кумитаву идораҳо ва роҳбарони муассисаҳо иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон суханронӣ намуданд. Қайд намуданд, ки оила асоси ҷомеа буда, бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амну суботи ҷомеа,ва барои барқарор кардани пояҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешрафти ватани азизамон ниҳоят бузург мебошад. Сипас ба як қатор фаъолони ноҳия ифхорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиАбдураҳмони Ҷомӣ тақдим карда шуд. Дар охири аз ҷониби аҳли ҳунар ва фарҳанги ноҳия барномаи консертии ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки барномаи мазкур саршор аз таронаҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ буда, дар васфи Пешвои миллат сароида шуданд.