НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОИША”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар таърихи 10-уми августи  соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оиша”  маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Мирзоев Сафаралӣ – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ,  раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизби ташкилоти номбурда  иштирок намуданд.

Саравал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оиша”  сухани ифтитоҳӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро бо ҳозирин пешниҳод намуд. Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оиша”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлили намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва қабул ба сафи аъзои ҲХДТ барраси гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Мувофиқи баррасии  масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оиша” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда ҳисобот дод. Мирзоев Сафаралӣ – муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд. Дар охир оиди ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.