БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАНИЯТ”.

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  
 
А.Ҷомӣ: Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Маданият”, ҷамоати деҳоти Иттифоқ деҳаи Маданият маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома раис ва муовини ташкилоти мазкур бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда, аз сари нав интихоб гардиданд. Ҳамзамон масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис аъзои Раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд. Масъалаҳои дар рузномаи маҷлис пешниҳодшуда барраси гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, ҳамагонро барои пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолият, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.