Рафти корҳои сохтмонӣ дар назди муассисаи таълимии №59-и ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаҳои таълимии №59-и ноҳияи Восеъ бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таҳсил корҳои сохтмониву ободонии  муассисаи таълимӣ бо маром идома дорад. Мактаб боргоҳи илму дониш аст. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва саҳм гузоштан дар ободиву зебогӣ мактаб амали хайр ва вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.Бояд қайд намуд, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест нафаре, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва хонандагон соҳибистеъдод мегарданд. Пас дар шароити хуб нигоҳ доштани мактаб вазифаи ҳар як шахси хирадманд мебошад. Бинобар ин сабаб роҳбарияти муассисаи номбурда сидқан талош намуданд, то шароитҳои хуби таҳсилро барои хонандагон фароҳам оранд.