МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ “ИБРАТ”

Восеъ: Ҳисобот  

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ибрат-МТМУ №45»-и ҷамоати деҳоти Тугарак маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд.Саравал дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуда, қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии «Ибрат-МТМУ №45» дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҲХДТ, шахсони саховатманд ва хайрхоҳи ташкилот муассисаи мазкур таъмир гардида, корҳои ободониву созандагӣ пайваста роҳандозӣ мегардад. Инчунин зикр гардид, ки аъзоёни ташкилот доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоянд.Пас аз шунидани ҳисоботӣ Раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Раҳмоналӣ бо ҷонибдории аъзоёни ташкилот раиси ташкилот интихоб гардид. Дар охир ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуда, қарорҳои лозима қабул гардид.