РУНАМОИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Китоби пурарзиш ва шоҳасари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» барои ҳар фарди тоҷик муқаддас аст. Зеро дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва ҳаёту мамоти ин мардуми ориёитабор баръало таҷассум гардида, он дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқу таҳлил гардида, ҳамчун зиндагиномаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.

Ба мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ҳамзамон дар асоси нақша чорабиниҳоии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба хотири арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷик ва дар ин замина дар руҳияи хештаншиносию ватандӯсти ва огоҳонидани насли наврас бо гузаштаи рангини халқи тоҷик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” аксияи ҳизбии  таҳти унвони “Тоҷикон-шиносномаи миллат” ва саволу ҷавобҳо  дар доираи китоби мазкур баргузор карда шуд.