Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шобика”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида санаи 27.07.2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шобика-МТМУ №21» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуданд. Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шобика-МТМУ №21»  Абдуллоев Ёқуб оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд. Ҳамчунин дар маҷлис дигар масъалаҳо низ барраси гардиданд, ки тибқи муқаррарот Абдуллоев Ёқуб аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шобика-МТМУ №21»   интихоб гардид. Дар идомаи маҷлис масъулини ҳизбӣ баромад намуда, оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳо суҳбат намуданд.