ПАЙВАСТАН БА ҲХДТ МАҚСАДУ МАРОМИ МОСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Данғара чорабинии супоридани шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ ба аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша бо шукӯҳу шаҳомоти хоса баргузор мегардад. Аз ҷумла супоридани шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56  ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Раҷабализода Ҳокимали иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ ба 17 нафар аъзои нави ҲХДТ аз муассисаи  номбурда дар вазъияти тантанавӣ Шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ ва ба ду омӯзгоре, ки фаъолияти меҳнатии хуб нишон додаан дар пешрафти кори ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  сарфароз гардонида шуданд.