Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ 

Бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 оғоз шуданд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур бо маблағгузории Бунёди Миллии ичтимоии ба роҳ монда шудаас.. Барои идома додани корҳои дигари сохтмонӣ масолеҳи сохтмонӣ омода мебошад. Корҳҳои сохтмонӣ бо тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳаи Нурмат Сафар, ки хатмкунандагони ҳамин даргоҳ мебошанд дар доираи амалиёти “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда истодааст. Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳия Фархор корҳои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълими бо маром идома доранд.