ВОРИСОНИ ФАРДОИ КИШВАР!

Ш.Шоҳин:  

Ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ва дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бобати таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгирӣ намудан аз қишри ниёзманду маъюб алалхусус кӯдакону наврасони маъюб Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб пайваста чорабиниҳои мухталифро ба роҳ монда дар ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия самҳмгузорӣ менамояд.

Дар таърихи 1-уми июни соли равон дар маркази тавонбахшии “Заршедабону”-и ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак чорабинӣ идона  доир карда шуд.  Дар чорабинӣ дар баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар марказ ба тавонбахши фаро гирифта мешаванд, волидайнашон низ даъват гардиданд.

Дар чорабинии мазкур Назарзода Толибҷон, раиси Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуда, ба 10 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ёдовар бояд гашт, ки дар ҷараёни чорабинӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидайни онҳо аз ҷониби марказ хони идона ороста шуд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории чорабинии идона: